
КӮЛОБ. Ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб” вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, табибон ва сартабибони шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Зимни вохӯрӣ Гулрухсор Шарифзода қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон рушди соҳаи тандурустӣ бо сиёсати оқилонаю хирадмандона, созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд буда, ба масъалаи бунёди муассисаҳои тандурустӣ ва таъминоти онҳо бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дода, чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа бо он нафароне зоҳир мегардад, ки шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи саломатии мардум талош меварзанд.
Дар заминаи ин мавсуф табибонро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати мубориза бурдан бо бемории сироятии коронавирус сипоси беандозаи худро баён дошт.
Дар ин росто, дар рафти вохӯрӣ як қатор аъзои фаъоли ҳизб, табибону сартабибоне, ки пайваста ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳми назарраси худро мегузоранд, бо Сипосномаи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.