
ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов барои мардуми деҳа бунгоҳи тиббӣ ва таваллудхона сохта ба истифода дода шуд.
Бояд қайд кард, ки корҳои созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома дошта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодиён суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, барои таъмини шароити хуби зиндагӣ ба сокинон бунёдкориву созандагиҳо вусъат доранд.