ЁВОН. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” дидан намуд.
Зимни боздид аз раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомномаи ҲХДТ ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот бояд ба талабот ҷавобгӯ бошад.