БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ СОХТА МЕШАВАД

ЁВОН. Дар ноҳияи Ёвон беш аз 80 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар мавсими таътили тобистона бо дастгирии соҳибкорон, волидайни хонандагон ва шахсони саховатпеша синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, дар назди як қатор муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои нав сохта ба истифода дода мешавад.

Дар назди муассисаи таълимии рақами 53- и  деҳаи 1- Майи Ҷамоати деҳоти Норин бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”  8 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст. Пас аз ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ толибилмони муассисаи мазкур метавонанд аз он васеъ истифода баранд.

 Ҳамчунин, имрӯзҳо ба тартиб даровардани атрофи муассиса, ки аз корҳои охирини омадагиҳо ба соли хониши нав мебошад, идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg