ДАНҒАРА. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи тиб чорабинии идона доир гардид.
Дар ин чорабинии идона муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Пирмуҳаммад Авғон ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ҳамаи кормандони соҳаи тибро сидқан бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барои онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳоро таманно намуд.
Сипас, аз тарафи раиси ноҳияи Данғара ба як қатор табибон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ туҳфаҳои молиявӣ ва Сипоснома тақдим карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба як қатор табибоне, ки барои пешгирии коронавирус саҳми назаррас гузошта истодаанд, Сипосномаи ҲХДТ тақдим гардид.