ВАХШ. Дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунурҳои мардумӣ», муовини раиси ноҳияи Вахш Мамадализода Гулҷаҳон, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат ва дигар шахсони масъул намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Дар ҳама давру замон ҳунару ҳунармандӣ ва муаррифии ҳунари асил аз шахс маҳорату малакаи зиёдро талаб менамояд. Ҳунар беҳтар аз зар бувад-гуфтаанд бузургони мо, иброз дошт, зимни боздид аз намоишгоҳ Мамадализода Гулҷаҳон муовини раиси ноҳияи Вахш.