ВАХШ. Дар маҷмааи «Офтобак»-и ноҳияи Вахш, бо иштироки раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ, намояндаи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Валиев С, роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони шуъбаи маориф машварати августии маорифчиён баргузор гардид.
Боиси ёдоварист, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ба 7 нафар омӯзгор, ҳамчун аъзои фаъоли ҲХДТ барои масъулиятшиносию фаъолнокӣ нишон доданашон дар пешбурди корҳои дохилиҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас бо Сипосномаи ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.