АНДЕША. Сулҳу ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд ва ба кас руҳу равони тоза мебахшанд.
Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва оромиву осоиштагии мардумро таҷассумгар аст.
Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор метавон нигаҳ дошт. Ҳоло ваҳдати сартосарӣ дар фазои Тоҷикистони азиз танинандоз аст, ки душвориҳо ва монеаҳо ба осонӣ паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меораду кишвари азизамон рӯз то рӯз ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Фаромӯш нахоҳад шуд, ки маҳз бо заҳмату кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгашта сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, сулҳу ваҳдат падидор аст.
Имрӯзҳо чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам меболам ва назди кишварҳои ҷаҳон бо як ифтихори бузург мегӯям, ки тоҷикам. Зеро миллати тоҷик ва Тоҷикистонро алҳол ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мешиносанду эътироф намудаанд.
Сулҳу ваҳдати тоҷикон поянда бод!
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон