БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ!

АНДЕША. Истиқлолияти комили давлатӣ ва соҳиб гардидан ба он бузургтарин арзиш, волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар давраи давлатдории навини халқи тоҷик мебошад.

Ҳамзамон, Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст.

Имрӯз тамоми сокинони кишвар бо дастгирӣ аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи яке аз санаҳои муҳими таърихии миллӣ, ки дар масири таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи навро боз менамояд, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаанд.

Бо ин мақсад ва дар доираи роҳандозӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истиқболи сазовор аз ин санаи таърихӣ чун дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сокинони ноҳияи Панҷ низ тибқи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти бунёди иншоотҳои гуногуни ҷашнии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ ва монанди инҳо саҳмгузорӣ доранд.

Яке аз иншоотҳои ҷашние, ки дар маркази ноҳия сохташуда истода имрўз раванди корҳои сохтмонӣ дар он вусъати тоза пайдо намудаанд, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мебошад. Бинои мазкур имрўз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии шуъбаи маорифи ноҳия, Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Молу мулки ғайри манқул» -и ноҳия сохта шуда истодааст. Дар ин бино аллакай 80 фоизи корҳо ба анҷом расонида шуда, корҳои дигари сохтмонӣ бомаром идома дошта, дар назар дошта шудааст, ки то охири соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр карда шуд: «Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пур хаводиси имрўза  ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – Истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад».

Дар ин Паём ҳамзамон таъкид шуд, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯзаҳам бештарро амалӣ намуда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Дар пайравӣ бо ин ҳидоятҳои созандаву оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрўз бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо ташаббус ва саҳмгузории, роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаву идораҳо, соҳибкорони маҳаллӣ, ашхоси саховатпеша вусъати тоза пайдо намудаанд.

Мардуми шарафманду меҳнатдўсти ноҳияи Панҷ, бахусус сохибкорону шахсони хайрхоҳ ният доранд, ки дар таҷлили ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободиву пешрафти кишвар ва амалӣ намудани корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер,  раиси ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg