АНДЕША. Ватан, он ҷое, ки ба дунё омадам, дар хокаш аввалин қадамҳоро гузоштам, аз ҳавояш бузург шудам.
Ватан барои ҳар инсоне, ки нангу ор дорад муқаддас аст ва арзишаш бемисл мебошад. Мо инсонҳои хуштолеъ ҳастем то Ватане бо номи Тоҷикистон дорем, ки назираш дар ҷаҳон нест. Табиаташ бемислу афсонавӣ, заминаш зархез, обҳояш мусаффо, сокинонаш хурраму осудаҳол. Оё неъмате болотар аз ин ҳаст. Агар ҳар лаҳза шукри ин Ватан гӯем кам аст.
Имрӯз Тоҷикистони мо бо суръат рушд мекунад. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолиро бо имрӯз муқоиса намоем, ба истилоҳе тафовутҳо аз моҳ то ба моҳиянд. Аммо ба қадру дарки ин ҳама оне мерасад, ки инсони комил бошад. Мутаассифона дар ин ҷомеа афроди ношукре низ ҳастанд, ки рушди ин меҳани азизро нодида мегиранд ва ба чунин Ватани азиз ва Роҳбари ғамхори он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чашми ҳасад менигаранд. Аммо бояд донист, ки ин амоли ниҳоят зишт аст.
Донишманди франсуз Пер Бауст барҳақ гуфтааст: “Ҷинояте ҳаст, онро наметавон бахшид, он хиёнат ба Ватан аст”. Мо бояд аз чунин хиёнаткорон ҳеҷ амали некро интизор набошем. Ба гуфтаи донишманди украинӣ Я. Галан “Ҳар кас аз ватани худ рӯ гардонад, аз виҷдони худ низ рӯ мегардонад”.
Моро мебояд меҳани азизи худро аз ҷону дил дӯст дорем, ба қадри ин ҳама тинҷиву осудагии он, ки воқеан ҳам арзишашон бемисл аст, бирасем. Дар атрофи Роҳбари давлати хеш муттаҳид бошем ва барои ҳифзи якпорчагии Ватани азиз ҳамеша кӯшиш кунем. Сидқан пайи ободии он бошем, зеро ба гуфтаи М. Робеспер донишманди франсуз “Барои Ватан кори нимкора кардан маънои ба он ҳеч коре накарданро дорад.
Ҷовидон Мирзоқулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус