ҶАЙҲУН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар робита бо ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ҷиҳати омодабошӣ ба соли нави хониш ва фароҳам овардани шароити хуби таҳсил баҳри толибилмон бинои “Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия пурра таъмир карда шуда, корҳои сохтмонӣ ва рангу бор дар арафаи анҷомёбист.
Тибқи гуфтаҳои масъулини муассиса корҳои ободонӣ дар сатҳу сифати баланд анҷом ёфта, синфхонаҳо бо лавозимотҳои таълимӣ ва як доскаи электронӣ таъмин карда шудаанд.