Н.ХУСРАВ. Бо мақсади ҳидояти мардум ба сулҳу дӯстӣ ва бедор кардани ҳисси боварӣ ба ояндаи нек ва истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, тараққии соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ки ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Точикистон мебошад тибқи ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида санаи 16-уми август бо иштироки васеи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, омӯзгорон ва сокинони деҳаи Сангоба Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» конференсияи илми назариявӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бахусус маориф ва тандурустӣ дар даврони Истиқлолият» баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ализода Сурайё конференсияро оғоз намуда, дар мавзӯи «Рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар даврони Истқлолият» андешаронӣ кард. Сипас, оид ба масъалаи мазкур аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбии дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Мустафоқулова Моҳигул дар бораи дастовардҳои маорифчиёни ноҳия дар даврони истиқлолият баромад намуд.