БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАХИРАИ МАВОДИ ХӮРОКА ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ОИЛА

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади баргузории  мулоқоту  суҳбатҳо бо  усули  «Хона  ба  хона»  ҷиҳати    афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам, дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, дар  мулоқоташон  бо фаъолони  вилояти  Хатлон масъулини  Кумитаи  иҷроия ҳафтае  ду  маротиба  рӯзҳои  сешанбе ва панҷшанбе  ба деҳаҳои  ҷамоатҳои  деҳот рафта, аз  ҳар  як  оила  дидан  намуда,   истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигии  сокинонро  дида  баромада истодаанд.

Ин  навбат  масъулин  аз  хонаҳои  сокинони деҳаи Баҳори  Ҷамоати  деҳоти Фирӯза дидан  намуда, истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ, захираи маводи  хӯрокаи сокиноро барои  тирамоҳу  зимистон дида  баромаданд.   Бо назардошти  вазъи  мураккаби  ҷаҳони  имрӯза аз ҳар  як  сокини  деҳот даъват  ба амал  оварданд, ки корро  тавре  ба  роҳ  монанд, ки ба  ҳар  гуна мушкилоти  эҳтимолӣ омода  бошанд, аз  ин  хотир  аз  замину  об  самаранок  истифода  бурда,ҷамъоварӣ  ва  захираи  маводи  хӯрокаро  афзун  намуда,  аҳли  оилаи  худро аз  норасогии  маводи  ғизо таъмин созанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg