ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Гулшан деҳаи Навободи ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ оиди солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.