БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳар амали мо бояд натиҷаи созанда дошта бошад

Ш. ШОҲИН. Дар  урфият мегӯянд,  ки аз гузашта меомӯзем,  ҳозираро  месозем ва ба оянда ба мерос мегузорем.

Бале, гузаштаро  наомӯхта  магар  мо  метавонем  ояндаро  созем. Ҳар амалу  пайкорро  заминаест барои  эҳёву  рушду  нумӯъ.     

Мо ҳизбиён низ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат руҳу илҳоми тоза гирифта, мекӯшем ва мубориза мебарем барои расидан ба  ҳаёти осоишта. 

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шамсиддин  Шоҳин  дар деҳаи Доғистони  ҷамоати деҳоти Доғистон бо  сокинон вохӯрии  судманд  доир намуданд. 

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Сунатуллоева Мавзуна, мудири шуъбаи таблиғот, иттиллоот ва матбуот Неъматов Абдуҷаббор ва  дигарон иштирок  намуда, марбут ба мавзӯъҳои мубрами рӯз  суханронӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин дар  баромадашон масъалаҳои  рӯзмарра, аз ҷумла оид ба  мақсаду мароми ҲХДТ, сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати кишвар ибрози андеша карданд ва волидонро ҷиҳати пешгирӣ аз  зуҳуроти номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои миллӣ  андешаронӣ карда,  ҷавононро  ба тақлид ба расму оини ба мо бегона ҳушдор сохтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg