ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ баргузор гардида, аз ҳунару истеъдод ва малакаи ҳунармандон намояндагони ҳизбӣ дидан намуданд.
Зимни суҳбат масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия барои ободии диёр, созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин раванд дарёфт намудани ҳунарҳои нави мардумӣ ба ҳунармандон муваффақиятҳо таманно карданд.