ПАНҶ. Яке аз иншоотҳои ҷашние, ки дар маркази ноҳия сохташуда истода имрӯз раванди корҳои сохтмонӣ дар он вусъати тоза пайдо намудаанд, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ мебошад.
Бинои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии шуъбаи маорифи ноҳия, Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Молу мулки ғайриманқул» сохта шуда истодааст. Дар ин бино аллакай 80 фоизи корҳо ба анҷом расонида шуда, корҳои дигари сохтмонӣ бомаром идома дорад.