ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қубодиён мусобиқаи варзишӣ оид ба фуболи хурд баҳри дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи футболи хурди ҷамоати шаҳраки Қубодиён байни дастаи Амонатбонк ва Молия баргузор гардид, ки дар ин вохӯрӣ дастаи футболбозони “молия ” бартарӣ нишон дода, бо ҳисоби 2 ба 0 дастаи футболбозони Амонатбонк-ро шикаст доданд ва ба давраҳои минбаъда роҳхат гирифтанд.