ҚУБОДИЁН. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб 2000 м2 роҳи автомобилгарди Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов пурра асфалтпӯш карда шуд.
Ҳамаи заҳматҳои мардуми қубодзамин баҳри ободии кишвар буда, ин дигаргуниҳо дар корҳои ободоние, ки сокинони ноҳияи Қубодиён камари ҳиммат бастаанд, зоҳир мегардад. Мардуми заҳматқарини ноҳияи Қубодиёни бостон аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои ободии як гӯшаи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.