АНДЕША. Имрӯз халқи тоҷик дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти хеш қарор дорад. Истиқлолият худ падидае мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда, аз ӽуқуқӽои худ истифода мебарад. Тамоми давлатӽои дунё соӽиби истиқлоли худ ӽастанд, зеро давлатро бе истиқлолият тасаввур кардан номункин аст.
Аз нуӽуми сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизамон соӽиби истиқлолияти худ шуд. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароӽам овард, ки роӽи имрӯзу ояндаи миллатамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ ӽуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Тамоми сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки сиюмин сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти миллии худро гузошта бо шарофати он соӽиби рамзӽои давлати- Парчам, Нишон ва Суруди Нави миллӣ гардидем.
Баъд аз сари вазифа омадани муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон Тоҷикистон тавонист худро дар як фурсати муайян аз вазъияти ногувор барорад. Барои расидан ба ӽадафӽо ва инчунин ваӽдати миллӣ пояи қонунии ӽокимият зарур буд ва мо ба ин чиз расидем 6- ноябри соли 1994 мардуми меӽнатдӯсти тоҷик тавонист конститутсияи худро қабул намояд.
Кафолати зиндагии осударо барои халқ ин ӽуҷҷати муӽим таъмин менамояд. Ҳоло, ки Тоҷикистон ӽамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо шаӽрвандон бояд, боӽам муттаӽид шуда дар бунёди Тоҷикистони навин саӽми худро гузорем Аз ин рӯ бояд, ки мо ба қадри ин падидаи таърихӣ, ки номаш истиқлолият аст бирасем ва шукронаи ӽамин тинҷию оромии Ватани азизамонро кунем.
Олимов Раӽмоналӣ, мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н.Восеъ