АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқию ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати тадбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю талош менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.
Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарафи Тоҷикистон мебошад.
Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Бо мақсади истиқболи ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни муқаддаси миллӣ дар асоси дастуру супоршиҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар деҳаю маҳаллаҳо бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъолу ҷонибдорони ҳизб корҳои ободониву созандагиро амалӣ карда истодаанд.
Дар доираи аксияи ҳизбӣ “Якҷоя месозем!” бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марғоб” Аюбзода Зоҳир ва дастгирии соҳибкорону аъзои фаъоли ҲХДТ 2км роҳ сангфарш карда шуд. Инчунин, дар деҳаи мазкур трансформатори нав шинонида шуда, як кӯча бо симчӯбҳои нав таъмин гардид.Дар деҳаи Таги Намаки Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Алиев Саидаҳмад даромадгоҳи деҳа тозаю озода карда шуда, дар даромадгоҳи деҳа 60 бех ниҳоли ороишии арча шинонида шуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолият корҳои ободонию созандагиро дар деҳаҳои Боғистон, Токистон, Сомониён, Гулистон, Гулобод, Сайроб ба роҳ монда, зиёда аз 9,3км роҳҳо сангфарш карда шуданд.
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мувофиқа бо Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон якшанбеи охири ҳар моҳ барои тозаю озода нигоҳ доштани қабристонҳо ва гирду атрофи онҳо аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳия дар даромадгоҳи қабристонҳо зиёда аз 150 бех ниҳолҳои ороишии арча шинонида шуд.
Корҳои ободонию созандагӣ бо муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаю маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо идома доранд.
Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии ин мулки аҷдодӣ гузорем.
Яъне, корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.
Кумитаи иҷроияи ноҳия ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ сиёсӣ дар корҳои ободониву созандагӣ мақоми хосаи худро нигоҳ дошта, сокинонро ба он роҳнамоӣ карда истодааст.
Аъзои фаъоли ҳизб Ҷобиров Абдулазиз соли 2019 шуъбаи таваллуди беморхонаи минтақавии Меҳнатободро таъмиру тармим карда, инчунин роҳи байни деҳаҳои Дӯстӣ – Гулистон – Меҳнатобод – Гулободро ки 7км – ро ташкил медиҳад бо ҷонибдории сокинони ин деҳаҳо мумфарш кард.
Ҷобиров Абдулазиз дар соли 2020 – 2021 роҳи маркази ноҳия то даромадгоҳи он ( развилка) – ро мумфарш кард. Тамоми мардуми ноҳия аз ин кори хайрхоҳонаи ин соҳибкор шоду хурдсанд буда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми фаъолонаи худро гузошта истодаанд. Дар корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолият саҳми раиси ноҳия, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат калон аст. Маҳз ташаббусу дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Одиназода Б аст, ки зиёда аз 289 иншоотҳои ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуданд ва то рӯзи ҷашн боз 8 иншотҳои дигар низ сохта ба истифода дода мешаванд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб корҳои ободониву созандагиро давом дода истода, Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегирад.
Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад – иброз доштанд дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ин гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ободии ин гушаи диёри азизамон тамоми саъю кӯшиш ва нерӯи созандаи хешро истифода бурда истодаанд.
Ғаффорзода Давлатҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ