ВОСЕЪ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи маркази ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ аз ҳисоби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои тозагӣ ва ободонӣ дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 500 нафар коллективи меҳнатӣ иштирок дошта, барои анҷоми як қатор корҳои ободонӣ саҳми арзишманд гузоштанд.