БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаҳмонидани ҳадафҳои асосии ҲХДТ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ бо ҷалби вакилони маҳаллӣ бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.

Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд зимни суханрониҳо дар баробари шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба мавзуъҳои баланд  бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз  хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон   ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, пешгирӣ  аз  хатари ҳизбу ҳаракатҳои  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ  ба амнияти кишвар ва аҳолии он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот  бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии  он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ  дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, ба роҳ мондани мубориза  бар зидди нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ  аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар  кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон  дар  самти паст  кардани  сатҳи бекориву камбизоатӣ дар  заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ вобаста  ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  низ  маълумотҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg