БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“БАҲОР” “ИСТИҚЛОЛ”-РО МАҒЛУБ НАМУД

БОХТАР. Дирӯз дар доираи баргузории мусобиқаи Футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии шаҳри Бохтар дар даври 1/8 ниҳоӣ дастаҳо аз маҳаллаҳои "Баҳор" ва "Истиқлол” рақобат намуданд.

Бозии мазкур дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Бохтар доир гардида, дар он шумораи мухлисони футбол ҷамъ омада, бозии мазкурро тамошо карданд. Бозии шавқовари  футбол бо ҳисоби 4- 1 бар нафи дастаи “Баҳор” ба анҷом расид. Қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқа ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҲХДТ, ФФТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур  ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии футбол, иҷрои бандҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои соли 2020-2025 мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg