Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади тоза намудани кӯчаю маҳал, гузаргоҳҳо аз партовҳо ва алафҳои бегона ва бо ин васила аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сазовор ҷашн гирфтан дар ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳашари дастаҷамъона гузаронида мешавад.
Дар ин раванд дирӯз бо ташаббус ва фарогирии аъзои фаъоли ҳизб дар кӯчаи ба номи Ҳайдарови Ҷамоати шаҳраки Балх тоза намудани гузаргоҳи асосӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, дар он иштирокдорон дар анҷоми корҳои созандагӣ саҳм гузоштанд.