ДӮСТӢ. Дар доираи озмунҳои ҳизбӣ, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони "Шоми Истиқлол" баргузор гардида истодаанд.
Чунин чорабинии фарҳангӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Гулобод" бо иштироки сокинон ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ гузаронида шуда, иштирокдорон аз чорабинии тантанавӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.