ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар робита бо Кумитаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба фуболи хурд баҳри дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи “Амонатбонк” ва дастаи “Ҷамоати деҳоти Қумсангир”-и ноҳия мутобиқи Низомнома ва ҷадвали таҳиягардида баргузор гардид.
Бозии имрӯза бисёр ҷолибу шавқовар сурат гирифта, дар ин вохӯрӣ дастаи футболбозони “Амонатбонк” бартарӣ нишон дода, бо ҳисоби 3 ба 2 дастаи футболбозони “Ҷамоати деҳоти Қумсангир”-ро шикаст доданд ва ба давраҳои минбаъда роҳхат гирифтанд.
Мусобиқаҳо аз рӯи қоидаҳои муайянгардида барои футбол дар майдончаҳои хурди варзишии ноҳия баргузор гардида истодаанд.