ХОВАЛИНГ. Соҳаи сайёҳӣ дар заминаи рушди ҳунарҳои мардумӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, он дар ҳолати рушд метавонад ба буҷаи кишвар маблағи зарурӣ ворид намояд.
Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд ва ҷиҳати босуръат рушд додани соҳа дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтумонии иншооти сайёҳиро аз пардохтҳои андозию гумрукӣ ва аз пардохти андоз аз фоида озод намуд.
Тоҷикистон кишвари сайёҳист, иқлими он имкон медиҳад, ки дар чор фасли сол сайёҳон омаду рафт намоянд. Кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффои кӯҳу дарёҳо, табиати сабзу дилфиреб, тамошои мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ, урфу одати миллӣ, хоса меҳмоннавозии тоҷикона, маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони халқӣ, ки номгӯйи онҳо ба садҳо мерасад ва ҳар як сайёҳ ҳангоми бозгашт чун хотира азТоҷикистон бо нархи гарон аз онҳо харидорӣ менамоянд, ва барои онҳое, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, хеле ҷолиб аст.
Имрӯз дар Ховалинг ҳам дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва имкониятҳои барои ҳунармандони халқӣ фароҳам шуда ҳунарҳои гуногуни миллӣ рушду таккомул меёбанд.
Чагдонсозӣ яке аз он ҳунарҳои миллист, ки аз он дар ҳар як оила истифода менамоянд. Пештар занону бонувон ҳар кадом дар алоҳидагӣ барои сохтани чагдон заҳмати зиёде мекашиданд.
Дирӯз мо шоҳиди маҳсули ҳунарии ду ҷавони танурсоз Эҳсони Неъмат ва Зиёвуддини Нурулло гардидем. Танурҳои сохтаи онҳо аз рӯйи ҳаҷм ва сифат диққати ҳар як бинандаро ба ҳуд ҷалб менамояд. Аз рӯйи гуфти онҳо маҳсули меҳнаташон харидори зиёде дорад. Аз ҳама муҳим гуфтанд онҳо дигар соҳибхоназанҳо заҳмати зиёд намекашанд ва аз танурҳои сохтаи онҳо дар давоми аз 3 то 5 сол бо сифат истифода менамоянд.