ЁВОН. Дар ноҳияи Ёвон беш аз 80 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар мавсими таътили тобистона бо дастгирии соҳибкорон, волидайни хонандагон ва шахсони саховатпеша синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳия Ёвон ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва инчунин соли нави хонишро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Дар муассисаи мазкур бо ҷалби шахсони саховатпеша ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” дар назди муассиса синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон дигар синфхонаҳои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, омодагиҳо ба давраи соли хониши 2021-2022 ҳаматарафа дида шудааст. Ҳамчунин, имрӯзҳо ба тартиб даровардани атрофи муассиса, ки аз корҳои охирини омадагиҳо ба соли хониши нав мебошад, идома дорад.