ДӮСТӢ. Дар доираи корҳои ободонӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” иқдом гирифтанд, ки гирду атрофи биноҳоистиқоматӣ ва шафати роҳҳои мошингузару одамгузарро аз хасрӯбаву партовҳо тозаю зебо гардонанд.
Чунин иқдом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки "20-солагӣ" баргузор гардида, дар ин чорабинӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок дошта, як қатор корҳои ободониро ба анҷом расониданд.