АНДЕША. Соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар ҷашнҳои таърихӣ барои мардуми мо санаи хеле мубораку тақдирсоз аст. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинохти миллат ва давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар чӣ бештар маъруфият пайдо карда, сатҳу сифати зиндагӣ дар дурдасттарин манотиқи кишвар сол то сол беҳтар гардида истодааст.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар баробари дигар минтақаҳои кишвар ҳамсоли соҳибистиқлолии давлатамон дар ин миён рӯ ба пешравӣ дорад. Агар дар гузашта хонаҳои пасту похсагӣ маркази маъмурии ноҳия ва дигар минтақаҳои марзиро оро медод, имрӯз ҷойи онҳоро биноҳои баландошёнаю барҳаво иваз намуда истодааст, ки ин рӯйдод аз рушди зиндагӣ дар деҳот ва баланд гардидани буҷаи хонаводагии ҳар як сокини ин гӯшаи дурдасти диёр башорат медиҳад.
Дар доираи таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бунёди 191 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар доираи ҳамкориҳои судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо доираҳои соҳибкорону шахсони ватандӯсту бунёдкор ва дигар аҳли ҷомеаи маданӣ сохтмони 165 иншоот ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор гирифтаанд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои боқимонда бомаром идома дошта, мақсад гузошта шудааст, ки то арафаи таҷлили ҷашни бузурги соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон онҳо мавриди истифода қарор дода шаванд. Зеро таъиноти аксари онҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва хизматрасонии сатҳи аъло ба сокинон нигаронида шудааст.
Дар як вақт ба масъалаи ободонию кабудизоркунии маркази ноҳия ва дигар минтақаҳои имконпазир эътибори зарурӣ дода шуда, бо ҷалби фаъоли аъзои ҳизб, соҳибкорону аҳли зиё ва кормандони касбу кори гуногун маркази ноҳияву ҷамоатҳои деҳот ва дар маҷмуъ ҳар як деҳаю маҳалла сабзу хуррам ва тозаю озода гардонида мешавад.
Асоси беҳбудии фаъолияти рӯзгордории мардумро дар кӯҳистон соҳаҳои чорводорию зироаткорӣ ва занбурпарварию боғпарварӣ ташкил медиҳад, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия ҳамаҷониба рушд ёфта истодаанд.
Агар дар гузаштаи начандон дур масъалаи бозорнишинию ба фурӯш баровардани маҳсулоти истеҳсолшудаи худӣ дар ноҳия мушкилоти рақамӣ маҳсуб меёфт, имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат сохтмони бозори замонавӣ дар маркази ноҳия ва рӯз аз рӯз тахту ҳамвор гардидани роҳҳои дохилию бунёди дигар инфрасохтори маишию хизматрасонӣ ин мушкилот ҳалли дурусти худро ёфта истодааст.
Солҳои гузашта агар аз маркази ноҳия то шаҳри Кӯлоб бо сабаби таъмирталаб будани роҳи асосӣ анқариб доираи як соат вақт масраф мешуд, баъди мавриди истифода қарор гирифтани шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хорӯғ-Қулма, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод барои расидан ба шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 25-30 дақиқа вақт масраф мегардад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ бо маром идома дошта, тибқи нақша дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида мешавад.
Метавон ёдрас шуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ мардум дар дурдастарин гӯшаҳои диёр ба ободкорию созандагӣ рӯ оварда дар ин самт масъулияти бузурги ватансозиро дарк кардаанд.
Воқеан, имрӯзҳо ҷомеаи мадании мо бемушкилот нест ва пиёда сохтани тадбирҳои мушаххасу судманд ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилот давра ба давра ҳалли мусбии худро меёбанд. Зеро марому мақсади ҳамагон ободкорию беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори босаодати ҳар як сокини сарбаланди мамлакат аст. Расидан ба қадри ҳамгироию соҳибистиқлолии меҳани азиз барои ҳар як сокини ноҳия ва дар маҷмуъ кишвари азизамон шарафу қарзи виҷдонист. Ҳама дастовардҳои имрӯзи Тоҷикистон марбут ба соҳибистиқлолию меҳнати созандаи ҳар як фарди ватандӯсти ин марзу бум ҳамбастагӣ дорад.
Сокинони сарбаланду меҳнатдӯсти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ дар партави сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи кишвар бо назари нек муносибат намуда, ҳамагон аҳлона кору фаъолият менамоянд.
Бо ҳамин умеду ниятҳои созанда ва бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар кишвари азизамон ва дастгирӣ аз сиёсати инсондӯстонаю падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашида, дар пешрафту шукуфоҳии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем.
Гулзода Зафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин