БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади мо ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ

ҲАМАДОНӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Миро Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ» вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ Исмоил Гадоев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, дар бораи фаъолгардонии шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Баъдан мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев дар бораи фаъолгардонии аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, моҳияти Қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани  корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеъа суханронӣ  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg