ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вохӯрии навбатиро бо сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Гулшан баргузор намуданд.
Дар мулоқот кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди ҳозирин баромад намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолият ва ҳадафҳои барномавию оинномавии ҳизб муфассал суханронӣ намуданд.
Дар рафти маҷлис аз ҳисоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулшан”, ки 27 нафари онҳо аз деҳаи Навобод мебошанд, дар асоси Оинномаи ҲХДТ дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Навобод» таъсис дода шуда раиси он Қурбонов Дилшод интихоб гардид.
Дар охир ба иштирокчиён маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.