Н. ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроия бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани роҳҳои пешгирии сироятёбии аз вируси КОВИД-19, корҳои фаҳмондиҳиву таблиғотиро дар деҳаву маҳал ҳамарӯза роҳандозӣ намуда истодаанд.
Ин навбат масъулин дар ҳудуди деҳаи Бешкенти Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки кормандони соҳаи тиб бо усули «хона ба хона» ташриф оварда, аз паёмадҳои вазнини коронавирус ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои беҳдошти санитариро дар хонадонашон ба роҳ монда, шустани дастон бо собун ва маводҳои антсептикӣ, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, безарурат набароянд.