ДАНҒАРА. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Файзбахш сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ки иборат аз 3 ошёна мебошад, кор бо маром рафта истодааст.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аз рафти кори сохтмончиён дидан намуда, ба кори онҳо баҳои баланд дода, аз тарафи сохтмончиён гуфта шуд, ки муассисаи таълимиро бо шароити хубу замонавӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба истифода медиҳанд.