Ҷ.БАЛХӢ. Зери ин шиор бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Навоӣ вохӯриҳо баргузор намуда, ба сокинон варақаҳои тавсиявӣ дастрас карданд.
Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия ба шаҳрвандон таъкид доштанд, ки бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд, бе ниқоби муҳофизатӣ аз хона берун нашаванд ва аз тавсияҳое, ки дар варақаҳо оварда шудааст истифода намоянд, зеро саломатии ҳар яки онҳо барои кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳия азизу муҳим аст.