БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар маҳал тарғиб гашта истодааст

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Боронов Сабзаалӣ бо сокинони деҳаи  Фалҳободи ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Зимни мулоқот дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эоммалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, табрикоти Пешвои миллат бахшида ба иди саиди Фитр ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа буд.  

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба иштирокдорон фаҳмонид. 

Инчунин, дар идома суҳбат оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 муфассал суханронӣ намуд.

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳаи Фалҳобод Ҳомидов Нурулло   андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш кард, ки бо қабули 5 нафар сокинони деҳа ба сафи ҲХДТ дар деҳа ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.

                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg