АНДЕША. Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромиву осудагӣ, фазои шукуфон ва пешрафту тарақққиёт орзуву омоли ҳар як давлату миллат мебошад. Бо шарофати Истиқлолият ҳар як халқу миллат метавонад озодона пеш раваду давлату миллаташро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Миллати куҳанбунёди тоҷик низ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ қавӣ гардида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Ин ҳама ободию пешрафтро дар фазои кишварамон гурўҳҳои ҷудогонаи ифротию террористӣ мехоҳанд халалдор намоянд ва ба ин васила ба ҳадафу мақсадҳои ғаризонаи худ бирасанд. Замоне пештар хоинони наҳзатӣ ба сари мардуми осудаи кишварамон балоҳои зиёдеро оварда буданд. Бародарро бо бародар ҷанг андохта, аз заҳри ҷанги бародаркўш ҳаматавонамонро чашониданд ва ватанамонро аз байн бурдан мехостанд. Хушбахтона бо амри Яздони пок шахсеро ба сари қудрат овард, ки зимоми давлатдориро ба душ гирифту халқро ҷо ба ҷо намуда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар таъмин намуд.
30-сол мешавад, ки миллати тоҷик зери сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувор ниҳода, Ватанро обод намуда истодаанд. Дар муддати начандон тӯлонӣ давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ гардида, мавқеи хосаро касб намуд.
Дар баробари ҳамаи ин пешравиҳо боз ҳам ҳастанд афроде, ки бо амалҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаашон, ба Ватани аҷдодиашон хиёнат карда, дар хориҷи кишвар қарор доранд ва барои ноором сохтани вазъи имрӯзаи кишварамон иғвоангезӣ менамоянд. Миллати сулҳофару сулҳпарвари тоҷик дигарбора ба доми ин хоинони миллат намеафтанд, зеро балоҳое ки ин душманони миллат ба сарашон оварда буд, то ҳол фаромўш нашудааст. Ҳама он ободонию пешрафте, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарўзи ба даст овардаанд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки бадхоҳони миллат аз байн баранд.
Воқеаҳои даҳшатборе, ки имрўзҳо аз ҷониби ҳаракати «Толибон» дар ҳамсоякишвари мо, яъне Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба вуқуъ пайвастааст, ҳамаи моро бетараф гузошта наметавонад. Ин ҷангҷӯёни «Толибон» мисли наҳзатиҳо мехоҳанд, ки ҳокимиятро ба даст оранд ва барои расидан ба ин мақсадҳои разилонаи худ ҳар рўз садҳо нафар занону духтарон, кўдакони бегуноҳ ва сокинони осоиштаро ба доми марг мекашанд ва соконони кишвари ҳамсоя барои ҳифзи ҷони худ гуреза шуда, вориди Тоҷикистон гардиданд.
Фазои ташвишовари Афғонистони ҳамсоя, тезу тунд гардидани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстермистӣ, аз ҳар яки мо нангу номуси ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, таъмин намудани оромию осудагии шаҳрвандон ва аз даст надодани зиракии сиёсиро талаб менамояд. Зеро рисолати фарзандии ҳар як шаҳрванд, созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи сулҳу Ваҳдат ва қавӣ гардонидани якдилию якпорчагии мамлакат мебошад.
Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш