ШАҲРИТУС. Аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо фаро расидани соли нави таҳсил корҳои таъмирӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия вусъати тоза касб намуда, бинои мактабҳо ва синфхонаҳо қариб, ки аз таъмир бароварда шуданд.
Чунин иқдом дар Мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия, низ бо маром идома дошта, маъмурияти мактаб азм доранд, ки бинои муассиса ва синфхонаҳоро то 1 сенятбр таъмири хушсифат намоянд.
Дар ин корҳо саҳми аъзо ва тарафдорони ҲХДТ ва Кумитаи падару модарон хеле назаррас мебошад.