ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар деҳаи Наврӯз бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ вобаста ба солим нигоҳ доштани саломатӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.