ЛЕВАКАНТ. Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави хониш дар шаҳри Левакант корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант, ҳайати гурӯҳи корӣ, Султонов Ҳикматулло раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Ашуров Орзу сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии "Нури Сарбанд" аз МТМУ-и рақами 10-и шаҳр бозбинӣ намуданд.
Зимни бозбинӣ маълум шуд, ки таъмири синфхонаҳо ва бинои муассиса пурра ва бо сифат анҷом ëфта, корҳои ободонӣ дар гирду атрофи муассиса идома дорад.
Зимни суҳбат директори муассиса Боев Р. қайд намуд, ки таъмир бо ҷалби омӯзгорон ва кормандони техникӣ анҷом ëфта, муассиса ба соли нави хониш пурра омодааст.