Агар кас гузаштаи аҷдодии худро надонад, инсони комил нест.
АНДЕША. Ин хотиби сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерассад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму оин ва дину мазҳаби худ огоҳ бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда,ба вартаи гумномӣ ва фано қадам мениҳад. Ба таъбири дигар “манқурт” мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад ва надонад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тай карда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлути одамсурат ва бепарво, бемасъулият, бе ному нишон ва беаслу насаб умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро инсон метавон ҳисоб кард?
Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва ё қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?
Таърихи башарият гувоҳ аст, ки аз рӯйи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз асолату гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳо пора – пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Чунин мисолҳои равшан дар аҳдои бостон бисёранд.
Миллати тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое аст, ки таърихи пуршарафу ифтихорманд дорад. Ба сари миллати тоҷик чунин фоҷиаҳо дар аввалҳо ва охири асри 20 ба миён омада буд. Хушбахтона, дар аввали асри ХХ ду фарзанди фарзонаи миллат тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва академиқ Бобоҷон Ғафуров ва дар охири асри гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари миллати мо омада, миллати тоҷикро аз вартаи нестшавӣ ва парокандагӣ наҷот доданд.
С. Айнӣ бо рисола ва мақолаҳои зиёди худ хусусияти зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои илму фарҳанг ва адабиёти тоҷиконро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомӯзу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Садриддини Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданду дарси ибрат гирифтанд.
Омехтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.
Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бошад, ҳаёти худро ба таҳқиқ ва муаррифии таърихи миллаташ бахшид ва хушбахтона, ба муроди худ расид. Вай бо нашр намудани шоҳасари худ “Тоҷикон” дар соли 1972 натанҳо миллати тоҷик, балки кулли форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Яке аз таърихшиносони англис иброз дошта буд, ки агар дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ тарҷумаи китобе лозим ояд, пас ин “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аст.
Бояд таъкид намуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди ин асар, ба таъбири устод Садирддин Айнӣ яке аз шартҳои муҳими таърихнависӣ – муҳокимарониҳои бетарафонаро риоя намудааст.
Самиҷон Ҳусейнов, донишҷӯи Коллеҷи тиббии “Даво”-и шаҳри Бохтар