АНДЕША. Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб мерафт ва имрӯз ҳам, ки технологияи нави компютерӣ имконоти хубтару осонтареро дар ихтиёри мо гузоштааст, истифода аз китоб ногузир аст.
Китоб – хазинаест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест. Ворид шудан ба ин ганҷинаи донишу адаб танҳо насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад.
Шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойе таъкид менамоянд: «Кас ҳамон вақт подшоҳи олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад».
Оре, китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойнаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бинобар ин “ганҷ магир – китоб гир” – мегӯянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб – ғизоӣ маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: “Хонаи бе китоб – рӯзи бе офтоб” аст. Бале, бе китоб дунёи маънавии худро бою ғанӣ сохтан аз имкон берун аст.
Вале имрӯзҳо шавқу рағбати китобхонӣ дар кӯдакону ҷавонон костааст. Албатта ба он мавҷудоти интернет ва китобҳои электронӣ сабабгоранд, аммо пайдоиши технологияи нав ва тағийр ёфтани шаклу усули интиқол ва паҳнкунии дониш мазмун, моҳият ва мавҷудияти ҷисмонии китобро аз байн бурда наметавонад.
Таваҷҷуҳи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақому мартабаи китоб ва китобхонаҳо хеле баланд мебошад, ба китоб эҳтиром ва эътиқоди хосса доранд ва ба китоб то ҳадде арҷ мегузоранд, ки мегӯянд: “Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад”. Дар робита бо ин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду сол мешавад, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи панҷ номинатсия баргузор гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз ташаббусҳои муҳим ва саривақтӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон номид.
Воқеан ҳам китоб дӯсте ҳаст, ки ҳеҷ вақт раҳоят намекунад ва ҳамеша вафодор мемонад. Пас ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки ҳамеша ба китобхонӣ машғул шуда, аз шароитҳое, ки Пешвои муаззами миллат баҳри ҷавонон фароҳам овардаанд, ба хубӣ истифода намоянд.
Рухшона Ятимова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор