КӮЛОБ. Ҳамарӯза бо мақсади расонидани ёрии методӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилотҳоии ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид ва саривақтӣ медиҳанд.
Ин навбат мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси тиббӣ” дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд ва инчунин таъкид намуданд, ки ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.