КӮЛОБ. Дар партави сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави хониш аз ҷониби шахсони саховатпеша ба 300-нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб таҳсил менамоянд, сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода, директори муассиса Шомадова Зарина ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гулрухсор Шарифзода зимни баромади хеш, қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати башардӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ пешравиҳои зиёде дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти дастгирию кумаки оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасорон ба вуқуъ пайваста, нафарони эҳтиёҷманд ҳамеша зери тавваҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд.
Бояд гуфт, ки дастгириии қишри ниёзманди ҷомеа мавсимӣ набуда, доимо аз ҷониби нафарони саховатманд амалӣ карда мешаванд.