ҚУБОДИЁН. Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID 29 ) кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар нохияи Қубодиён ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дастрас намуданд.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ҷумаев Алиҷон бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Қубодиён вохӯрӣ гузаронида, дар бораи роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот доданд.
Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риояи гигиенаи шахсӣ дода шуда, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои қатъиян риоя намоянд.