ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Бешбулоқ»-и ҷамоати деҳоти Машъал бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” роҳҳои ҳудуди деҳа сангфарш карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҷмуъ мардуми заҳматқарини ноҳияи Вахш, аз ҳама суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон илҳоми тоза гирифта, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои ободии як гӯшаи Тоҷикистони азизамон ва дар ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми худро гузошта бошанд.