БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАВҲАРИ БЕБАҲОСТ

ВАХШ. Чи тавре огаҳӣ дорем, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бахшида ба 30-юмин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ гузаронида истодааст. Чунин чорабинӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  “Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ” баргузор гардид.

Дар Конференсияи мазкур намояндагони соҳаи маориф ва тандурустии ноҳия ширкат варзиданд.

Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки чун Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодиву ободӣ, сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамрайъӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва муттаҳидиву сарҷамъӣ мебошад, ҳамаи моро зарур аст, ки ин ганҷи бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мустақилияти комили аҷдодиро мерос гузорем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg