БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саховатмандӣ аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад

НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Айнӣ” вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроия Зоиров Сабзаалӣ нуктаҳои муҳимро оид ба анҷоми корҳои хайру сахо дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрўзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳастии миллати худро дар кадом ҳолате, ки бошад ҳифз карда тавонад ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд. Гарчанде, ки дар ин самт корҳои зиёди тарбиявию сиёсӣ бурда шуда бошанд ҳам, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар самти худшиносии миллву динии мо камбудиҳо хело зиёданд.

Оид ба таълиму тарбияи дуруст ва дарки амиқи омўзиши технологияи муосир ва роҳҳои гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои осебпазир аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Ғафурзода Фирдавс бо мисолҳои мушаххас ба ҳозирин фаҳмонид.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg