БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии дастурхони мардум мақсади асосии мост!

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ- ҳизби  созандаю  бунёдкор   корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеи ҷавонон  оид ба  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Муъминобод”   бо  иштироки  зиёда  аз  30  нафар  аъзои  ҳизб,   ва раиси Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  номбурда  Эргашев  Алишер    кушода,  мақсади  ҷамъомадро ба иштирокдорон  фаҳмонид.   

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон -ҳизби   созандаю  бунёдкор,  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва  дастуру  ҳидоятҳои дар  мулоқот  бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар, инчунин  дар  вохӯрӣ бо  аҳли  заҳмати   вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи  Данғара  рӯзи  2.06.2018  мавриди баррасӣ қарор  дода,  аз  сокинони  ноҳия даъват  ба  амал  овард, ки  барои  амалӣ намудани  дастуру супоришҳои  Сарвари  давлат  дар  таъмини   яке  аз  ҳадафҳои  давлату  Ҳукумат таъмини амнияти озуқаворӣ раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg